Нотаи Узбекистон ба Русия баъди ҳалокати муҳоҷири узбек
Мақомоти Узбекистон дар робита ба марги як шаҳрванди ин кишвар дар Шарқи Дур аз мақомоти Русия маълумот талаб кардаанд.
Консулгарии Узбекистон дар шаҳри Владивосток бо ирсоли ёддошт ё нота аз додситонии минтақаи Хабаровск ва дигар мақомоти маҳаллӣ талаб кардааст, ки марги муҳоҷири узбек таҳқиқ шавад.
Тибқи гузоришҳо, рӯзи 12-уми декабр неруҳои вижаи пулис (ОМОН) барои гузарондани рейд вориди як қаҳвахона дар Хабаровск шуданд ва чанд шаҳрванди Узбекистонро онҷо латукӯб кардаанд. Яке аз онҳо баъди шиканҷа ба ҳолати беҳушӣ (кома) афтида, ҳалок шудааст. Сабабҳои марги ин нафар расман эълон нашудаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки қазия зери назорати консулгарии ин кишвар ва Оҷонсии муҳоҷират аст. Мақомоти Узбекистон ҳамчунин гуфтанд, бо наздикони муҳоҷири фавтида дар тамос буда, ҷасади ӯро ба ватан мефиристанд.
Аз рӯи қонунҳои Узбекистон, масъулияти пулию ташкилии интиқоли ҷасадҳои шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷа ба дӯши давлат мебошад.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон дар пайи рейдҳои пулис дар Русия кушта ё захмӣ мешаванд.