Виза танҳо бо гаравпулӣ. Шарти нави Амрико барои тоҷикистониҳо
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки сар аз 21-уми январ аризаи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дарёфти раводиди сафар ба Амрико бо шарти супурдани гаравпулӣ қабул мекунад.
Онҳое, ки бо ҳадафи меҳмонӣ ё сайёҳӣ (раводиди навъи B1ё B2) тасмими сафар ба Амрикоро доранд, бояд аз 5 ҳазор то 15 ҳазор доллар гаравпулӣ гузоранд. Дар қарори Департаменти давлатӣ гуфта мешавад, ки ҳаҷми маблағ барои ҳар як шаҳрванд ҳангоми суҳбат дар консулгарӣ муайян карда мешавад.
Ин қарор рӯзи 6-уми январ содир шудааст, ки 38 кишвари ҷаҳон шомили он мешаванд. Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон се кишвари Осиёи Марказӣ шомили ин феҳраст шудаанд.
Шаҳрвандони ин кишварҳо дар ин баробар бояд санад ё формаи I-352, “Замонати муҳоҷиратӣ” имзо кунанд.
Онҳое, ки бо чунин раводид вориди ИМА мешаванд, ҳақ надоранд, ки бештар аз мӯҳлати муқарраршудаи раводид дар хоки ин кишвар бимонанд. Бештар аз мӯҳлат истодан дар ин кишвар ё нақзи қонунҳои амрикоӣ вайрон кардани “Замонати муҳоҷиратӣ” ҳисоб хоҳад шуд.
Онҳое, ки ин раводидро дастрас мекунанд, аз тариқи фурудгоҳи шаҳри Бостон, Ню-Йорк ва шаҳри Вашингтон бояд вориди хоки Амрико шаванд.
Агар шаҳрвандон бе нақзи қонун дар мӯҳлати муайяншуда ба ватани худ баргарданд ва Вазорати амнияти дохилии ИМА инро тасдиқ кунад, пули барои замонат супурдаашон ба онҳо пас дода хоҳад шуд.
Мақомоти ИМА бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ИМА қонуну қарорҳо ба ин кишварро сахттар кардаанд.