Ихроҷи даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия дар як рӯз
Мақомот дар Русия баъди се шабонарӯзи боздошти даҳҳо мусофири тоҷикистонии чанд ҳавопаймо дар як фурудгоҳи Маскав, онҳоро дубора ба Тоҷикистон фиристоданд. Мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, бо мақсади муҳоҷирати корӣ рафта буданд, вале бозгардони онҳо бидуни шарҳи расмӣ ва бедалел сурат гирифт. Дар давоми ду соли охир мақомот дар Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ, аксар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо поймолкунии дағалонаи ҳуқуқашон аз хоки ин кишвар ихроҷ карданд.
Беш аз 100 муҳоҷири тоҷикро ба ҳудуди Русия иҷозаи вуруд надода, аз фурудгоҳҳои Маскав ихроҷ ваё бозпас фиристоданд. Ин мусофирон мегӯянд, рӯзи 12-уми январ ба Маскав парвоз карда буданд, вале ба ҷои ворид шудан ба шаҳр, се шабонарӯз дар фурудгоҳи “Домодедово” дар шароити ногувор нигаҳдорӣ ва дар ниҳоят, ба Тоҷикистон ронда шуданд.
Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти муҳоҷират, рӯзи 15 январ аз миёни муҳоҷирони ихроҷшуда 46 сокини вилояти Суғд дар Хуҷанд монданд ва низ 90 муҳоҷири дигар ба Душанбе интиқол дода шуданд.
Манучеҳр Расулов, яке аз муҳоҷирони ба Душанбе расида мегӯяд, ки онҳоро дар фурудгоҳ якуним шабонарӯз боздошт карданд. Ӯ дар ҳоле, ки дар фурудгоҳи Душанбе буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Моро аз фурудгоҳи “Домодедово” ба аэропорти “Жуковский” бурданд ва баъд ба Тоҷикистон равон карданд”, - мегӯяд ин муҳоҷир.
Ба ин муҳоҷирон далели надодани иҷозаи вуруд ба Русияро шарҳ надоданд ва ҳамчунин нагуфтанд, ки чаро ихроҷ ё депорт мешаванд. Манучеҳр мегӯяд, ки вақте сабабро пурсидем, “бо мо муносибаташон дағалона буд”.
Ин мусофирон мегӯянд, ки онҳоро бидуни бағоҷ аз як фурудгоҳ ба фурудгоҳи дигар бурда, ба Хуҷанд равон кардаанд ва баъд аз 6 соат аз Хуҷанд ба Душанбе овардаанд.
Ба саволи ин ки оё муносибат ба ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳангоми нигаҳдориашон дар боздошт дар фурудгоҳ чӣ гуна буд, Манучеҳр гуфт:
“Муносибаташон мисли пештара - вазнин, ваҳшиёна аст. Телефонро мекобад, ҳич чиз ҳам надошта бошад – депортатсия… паспорти нав гирифта бошӣ - депортатсия. Номаълум. Се моҳ пас маълум мешавад, ки чандсола депорт кардаанд. Шояд аз 5 то 35 сол бошад. 90 кас аз се рейс будем, зану кӯдак ҳам буд. Ягон қонуншиканӣ надоштем, ҳама чизамон тахт буд”, - иддао кард ин муҳоҷир.
Сайалӣ Азизов, муҳоҷири дигари ихроҷшуда мегӯяд, онҳоро бисёр таҳқир карданд ва ҳатто иҷоза намедоданд, ки об бинӯшанд ва дигар ҳоҷатҳои инсониашонро бароварда кунанд.
Ӯ аз таҷрибаи худ чунин нақл кард: “Маро гуфтанд, «чаро шиносномаатро иваз кардӣ?». Гуфтам, «10 сол шуда буд, иваз кардам. Кори шумо дуруст нест». Гуфтанд, ки «бирав, ба мақомоти худат шикоят кун, ин ҷо мо шикояти ҳеч кадоми шуморо қабул намекунем”.
Ба нақли ин муҳоҷир, ходимони ҳифзи ҳуқуқ барқасдона онҳоро азият мекарданд. “Моро ба пасттарин ҳолат расониданд. Масалан, 10 метр он сӯтар об буд, иҷоза надоданд нӯшем. Дар се рӯз як коса карамшӯрбову каме салат медоданд, дар болои фарш, плиткаҳои бетонӣ хоб будем - чӣ зану чӣ марду чӣ кӯдаку чӣ пир. Ҳатто як мӯйсафеди 78-соларо депорт карданд, ки бачааш касал буд, хабаргирӣ рафта буд”.
Мақомоти Тоҷикистон ва Русия то кунун дар бораи далеҳои ин ихроҷҳои гурӯҳӣ чизе нагуфтаанд. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 16 январ дар бораи далелҳои афзоиши ихроҷи муҳоҷирон дар рӯзҳои охир изҳори назар накарданд, танҳо гуфтанд, ки “далелҳо, омор ва иқдомҳои ин ниҳод коркард шуда истодаанд” ва “дар нишасти хабарии вазорат пешниҳод мешаванд”.
Мақомоти Русия баъди ҳодисаи ҳамла ба толори консертии «Крокус сити ҳол» дар баҳори соли 2024 гуфтанд, бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷанг эълон мекунанд ва дар ин муддат даҳҳо ҳазор нафарро бисёр вақт бо далелҳои ғайриқонунӣ ва бо поймолкунии сахти ҳуқуқи муҳоҷирон аз хоки Русия рондаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти федеролии иҷрочиёни суд дар соли 2025 беш аз 54 ҳазор шаҳрванд хориҷӣ бо қарорҳои ин ниҳод аз Русия иҷбора ихроҷ карда шудаанд. Дақиқ маълум нест, ки чӣ шумори онҳо тоҷикистониҳо мебошанд.