Шикояти як меҳмон аз рафтори кормандони фурудгоҳи Душанбе
Як афғонтабори муқими Канада мегӯяд, аз сафар ба Душанбе, ки барои ҷалби сайёҳон саъю талош дорад, ба сабаби рафтори кормандони фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо хотираи нохуш баргаштааст.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад аз Канада бо Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, кормандони бахши амнияти фурудгоҳ аз ришва хостаанд, вале чун пул надошта ва надодааст, чанде аз ҳадяҳои ӯ, аз ҷумла атрҳои махсус барои дохили мошинҳоро гирифтанд.
Дар дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар се рӯзи гузашта, рафтори кормандони амният бо Хайрмуҳаммад Гулмуҳаммадро санҷидаанд ва 14 ҳадяи ӯро ба як дӯсташ дар Душанбе баргардонанд.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи декабр ба аёдати аъзои хонаводааш аз Канада ба Душанбе омада буд. Рӯзи 13-уми январ ҳангоми бозгашт ва парвоз аз тариқи Туркия вақти вуруд ва санҷиши ҷомадонаш кормандони амнияти фурудгоҳ аз ӯ пул талаб кардаанд.
Ӯ афзуд: «Ман гуфтам, ки пули нақд надорам, дар корти бонкӣ дорам. Онҳо фишор оварданд, ки агар пул надиҳӣ, намегузарӣ. Вақте ҷомадонамро боз кардам, онҳо 14 дона атр барои хушбуй кардани дохили мошинҳоро гирифтанд. Ман аз бими онки ақиб барнагардонанд, хомӯш гузаштам.”
Радиои Озодӣ барои таҳқиқи иддаоҳои меҳмони Душанбе ба дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе муроҷиат кард.
Аз дафтари матбуоти фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кадом рӯз ва чӣ гуна ворид шудани Хайрмуҳаммад ва муомилаи кормандон бо ӯро дар дурбинҳои фурудгоҳ диданд ва тӯҳфаҳои ӯро ба яке аз дӯстонаш баргардониданд.
Ба гуфтаи мақомоти фурудгоҳ, иддаои Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад дар бораи тамаъҷӯии кормандон аз ӯ асосе надорад, ӯ дурӯғ гуфтааст, зеро чунин амале сурат нагирифтааст.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад, 18 сол пеш ба Тоҷикистон омада ҳамроҳи хонаводааш дар Душанбе зистааст ва се сол қабл ба Канада рафта муқими онҷо шудааст. Дар гузашта ҳам гузоришҳо дар бораи тамаъҷӯии кормандони фурудгоҳи Душанбе нашр мешуд, вале мақомот мегӯянд, назорат сахт аст ин мавридҳо кам иттифоқ меафтанд.