Муроҷиати гурӯҳи фаъолони сиёсии тоҷик ба вазири Олмон дар бораи кори сафир
Гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумат дар як муроҷиатномаи боз Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлинро ба он муттаҳам кардаанд, ки ба фаъолиятҳои “берун аз ваколату ӯҳдадориҳои дипломатӣ” даст мезанад. Иддаое, ки ба гуфтаи як намояндаи сафорат “бедалел ва хандаовар аст. ”
Дар ин муроҷиатномаи боз ба номи вазири умури хориҷии Олмон, ки рӯзи 28-уми январ дар Фейсбук нашр шудааст, 13 нафар, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мунтақидони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, Шарофиддин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Абдусаттор Бобоев, фаъоли сиёсӣ ва Меҳмоншо Шарифзода, аз ҷомеашиносони муқими хориҷ имзо гузоштаанд.
Дар муроҷиатнома иддао шудааст, ки яке аз вазифаҳои сафир “ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва фаъолони озодихоҳ аст”, ки аксарият дар Олмону дигар кишварҳои Аврупо ба мисли Лаҳистон зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, ингуна фаъолият метавонанд ба амнияти паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон таҳдид эҷод кунад.“
Дар ин нома далели мушаххасе роҷеъ ба фаъолиятҳои ғайридипломатии сафорати Тоҷикистон оварда нашудааст, вале Дилшод Шарипов, яке аз муаллифони муроҷиатнома гуфт, ки ингуна далелҳоро дар даст доранд.
Дар вокуниш ба ин муроҷиатнома намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Берлин иддаоҳои муаллифони муроҷиатномаро беасос номид ва гуфт: “Мо на вазорати корҳои дохилӣ ҳастем, на амният ҳастем, на дигар, мо дипломат ҳастем, коргарони вазорати корҳои хориҷӣ.”
Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки вазифаи дипломатҳои сафорат, кор бо ҳамватанон аст, ҳимояти ҳуқуқи ҳамватанон аст, ин вазифаи мо аст. Ӯ афзуд: “Мо бо ҳамватанон робитаи хуб дорем, ин чӣ бадӣ дорад.”