Боздошти ду нафар дар Душанбе барои паҳн кардани долларҳои қалбакӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе аз боздошти гурӯҳе хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ба ворид ва паҳнсозии долларҳои қалбакӣ машғул буданд.
Раёсат бо нашри наворе рӯзи 7-уми феврал хабар додааст, ки аз ду сокини 27 ва 31-солаи ноҳияи Шоҳмансур 82 саддоллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карданд.
Ба иттилои ин ниҳод, боздоштшудаҳо асъори қалбакиро аз як сокини Ваҳдат, ки аз ӯ сардори гурӯҳ ном бурда шудааст, дастрас мекардаанд.
Санҷиши мақомот маълум кардааст, ки долларҳои тақаллубиро аз хориҷи кишвар ворид мекарданд.
Ба иттилои пулиси Душанбе, гумонбарон рӯзи 30-юми январ 10 ҳазор долларро бар ивази 30 ҳазор сомонӣ аз раҳбари гурӯҳ харида, ба муомилот баровардаанд ва ҳоло роҳбар ё дастраскунандаи асъори қалбакӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Назари гумонбарон ва наздикони онҳо маълум нест.
Қонун барои ин афрод аз 8 то 12 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Мақомот аз шаҳрвандон даъват намудаанд, ки дар ҳолати мушоҳидаи пули қалбакӣ ба пулис муроҷиат кунанд.