Додситон: Баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд робитаҳо бо Чинро вайрон кунанд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъзе гурӯҳҳо дар Афғонистон мехоҳанд бо ҳамла ба коргарони чинӣ муносибати Душанбе ва Пекинро вайрон кунанд.
Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд, вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ паронда мешавад, махсусан, мардуми Чин?".
Додситони кулли Тоҷикистон аз ягон гурӯҳи мушаххас ном набурд ва танҳо гуфт, "ин куштор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст".
Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, таҳқиқи ҳамла ба коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон идома дорад.
Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон панҷ коргари чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуданд.
Дар пайи ин ҳамлаҳо коргарони чинӣ аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хориҷ шуданд.