"Барои мудир шудан 10 ҳазор талаб кард". Ҷузъиёти парвандаи як мақомдор
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи собиқ раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Левакантро ба додгоҳ фиристодааст.
Оҷонсӣ 27-уми феврал дар хабарномае навишт, Сайфиддинзода А, аз мансабаш сӯистифода карда, барои пуштибонӣ аз номзадии як нафар ба мансаби мудири мактаб, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Назари Сайфиддинзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Оҷонсӣ мегӯяд, алайҳи ин мақомдор бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ ё сӯистифода аз мансаб парванда боз шуд.
Ин банди қонун то 42 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маълум нест, ки додгоҳ дар ин бора чӣ ҳукм содир кардааст.
Фасод дар идораҳои давлатӣ аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 1900 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор карда шудааст.