Тоҷикистону Узбекистон додугирифтро то $2 млрд расондан мехоҳанд
Тоҷикистону Узбекистон мехоҳанд, ки дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.
Ин тарҳ рӯзи 26-уми март дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон имзо шуд. Феълан додугирифти Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои "Ховар", хабаргузории давлатии Тоҷикистон, "барномаи то 2 миллиард доллар" расондани гардиши мол то соли 2030 дар назар аст. Ҷузъиёти бештари ин барнома ва роҳҳои афзун кардани додугирифти Тоҷикистон ва Узбекистон феълан маълум нест.
Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти Узбекистон омадааст, ҳоло дар ин кишвар зиёда аз 500 ширкати муштарак бо Тоҷикистон кор мекунанд.
Моҳи январи имсол Оҷонси омори Узбекистон эълон карда буд, ки дар ин кишвар 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон миёни Душанбе ва Тошканд чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун имзо шудааст.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.
Ҳар ду кишвари Осиёи Марказӣ пайваста аз сӯйи созмону кишварҳои ғарбӣ барои поймоли озодиҳои бунёдии сокинон танқид мешаванд.