Ҳамлаи ҳавоӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ. Теҳрон: "Паёми муҳиме ба Амрико фиристода шуд"
Дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ, ки ба Исроил нисбат дода мешавад ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ, дастикам 7 нафар афсари Сипоҳи посдорон ҷон бохтаанд. Вазорати корҳои хориҷии Эрон кордори сафорати Шведсия ба унвони ҳимоятгари манфиатҳои Амрико дар Эронро даъват кардааст. Эрон хостори ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ шудааст.