Дар Олмон музокироти таъсиси ҳукумати эътилофӣ шурӯъ мешавад
Олмон, ки баъди интихоботи парлумонӣ инак 110 рӯз мешавад бидуни ҳукумат ба сар мебарад, рӯзи 12 январ аз тасмими шурӯи музокироти ташкили ҳукумати эътилофӣ хабар дод. Музокироти миёни сиёсатмадорони нирӯҳои Христиану демократ, Иттиҳоди иҷтимоии христианҳо ва Ҳизби сотсиал-демократии ин кишвар, ки 25 соат идома дошт, бо имзои санади ниҳоии даъвати ҷонибҳо ба таъсиси эътилоф ба анҷом расид. Онҳо аз ҳамаи ҳизбҳои дигар даъват намуданд, ки ба ин эътилоф ҳамроҳ шаванд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки акнун шонси ҳифзии курсиро ҳам ба даст овард, ба ҳайси намояндаи Иттиҳоди христиану демократ дар як нишасти муштараки матбуотӣ бо ҳизбҳои дигар дар Берлин рӯзи 12 январ гуфт:
«Ҳизби христиану демократ бо раъйи оро санадеро қабул кард, ки дар он натиҷаи музокироти мо бо дигар ҷонибҳо дарҷ шудааст. Ин санад бар пояи мувофиқати ҷонибҳои зиёд ба даст омадааст. Мо ба ҳизби худ машварат медиҳем, ки музокиротро дар амри ташкили ҳукумати собит шурӯъ кунад».
Қарор аст таъсиси ҳукумати эътилофӣ то охири моҳи январ ниҳоӣ шавад. Яке аз ҳадафҳои муҳими ҳукумати нав тақвияти нақши Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Сотсиал-демократҳову муҳофизакорон тарафдорони афзоиши хароҷот барои тақвияти нуфузи Иттиҳодияи Аврупо мебошанд. Як тавофуқи дигари ҷонибҳо ин шуд, ки мизони қабули муҳоҷирон ба кишвар маҳдуд ва дар ҳаҷми 180 то 220 ҳазор нафар дар сол муқаррар шавад. Мушкили муҳоҷират яке аз дардисарҳои ҳукумати Меркел шуд, ки дарҳои Олмонро барои садҳо ҳазор муҳоҷирони фироркарда аз кишварҳои ҷангзада боз кард. Гуфта мешуд, ки дар сурати адами тавофуқ бо шарикони дигар, Ангела Меркел ҳам бо хатари аз даст додани курсии раҳбари ҳукумат рӯбарӯ мешавад.