Бонки миллии Қазоқистон ба асардуздӣ муттаҳам шуд
![Бонки миллии Қазоқистон ба асардуздӣ муттаҳам шуд](https://gdb.rferl.org/CFADF012-2D77-485F-A5A9-6A4FD2CE4ECA_w800_h450.jpg)
Аксбардоре аз Канада мегӯяд, ки Қазоқистон аксҳои бардоштаи ӯро дар пули миллиаш истифода истифодааст. Кейт Тестер аз Онтарио посухи Бонки миллии Қазоқистонро мунтазир аст. Аккосони хориҷӣ, ки даъвои ҳаққи муаллифӣ доранд, барои ҳифзи ҳуқуқи ҳамтои худ муттаҳид шудаанд.
Пештар аз ин аксбардори швейтсарӣ Марсел Буркхард акси яке аз турнаҳо дар 500 тангаи Қазоқистонро моли худ эълон кард. Акнун аксбардори дигар аз Канада Кейт Тестер ҳам ба ин даъво ҳамроҳ шуд. Тестер мегӯяд, турнаи дигарро, ки дар пули миллии Қазоқистон нашр шудааст, ӯ аксбардорӣ карда буд. суратгир аз Қазоқистон талаб дорад, ки ҳақи муаллифиашро дар пули миллӣ эътироф кунад.
Кейт Тестер мегӯяд, ки ин аксро 8 июни соли 2010 дар Канада бардошта буд. Бори аввал ин акс дар сомонаи Deviantart 24 июни соли 2010 нашр шуд.
Бонки миллии Қазоқистон иддаои сардуздиро рад мекунад ва мегӯяд, "аксҳое, ки дар пули миллӣ нашр шудааст, бо даст кашида шудаанд".