Ҷустуҷӯи 10 ҷосуси эҳтимолии Эрон дар саросари Олмон
Додситонии Федеролии Олмон гуфт, ки кормандони пулис дар робита ба бозҷӯии 10 ҷосуси эҳтимолӣ аз Эрон силсилаи ҷустуҷӯҳоро анҷом доданд.
Аммо мақомот гуфтанд, ки дар пайи ин рейдҳои рӯзи 16 январ дар саросари кишвар, касе боздошт нашуд.
Сухангӯи додситони федеролӣ Стефан Бил гуфт, ки рейдҳо баъди даёфти маълумот аз хадамоти истихбороти дохилӣ - Дафтари ҳимоят аз Қонуни асосӣ, ки масъулияти амалиёти муқовимат бо ҷосусиро бар дӯш дорад, ба роҳ монда шуд.
Маҷаллаи Олмонии Focus, гузориш дод, ки гӯё гумонбарҳо "фаъолияти хадамоти махсус"-ро пеш мебурданд ва аз паси шаҳрвандони Исроил ва Олмон ҷосусӣ мекарданд.
Ба гуфтаи Focus, рейдҳо дар сохтмонҳои Берлин ва ҳамчунин аёлатҳои Баден- Вюртемберг, Рейн Вестфалияи Шимолӣ ва Бавария сурат гирифтанд.
Додситонӣ гузоришҳоеро шарҳ надод, ки мегӯянд гумонбарҳои ҷосусӣ узви Нерӯи Қудс -воҳиди вежаи Нерӯҳои Посдори Инқилоб ва масъули анҷоми амалиёти махсус дар хориҷи Эрон буданд.