Ҷасади тоҷикони ҳалокшударо ба Душанбе оварданд
Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ҷасади чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ дар Русия, ҷон доданд, ба Душанбе оварданд.
Иброҳим Аҳмадов, сардори маркази матбуоти намояндагии вазорати меҳнат дар Маскав рӯзи 1-уми феврал хабар дод, ки ҷасади Анвар Холбоеви 48-сола, писараш Беҳзоди 13-сола, ва ҷасади Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббос Чориеви 6-сола аз ноҳияи Шаҳринавро имрӯз тавассути ҳавопаймои “Тоҷикэйр” ба Душанбе оварда шудаанд.
Ҳамаи онҳо 28-ум январ дар натиҷаи сӯхтор дар ошёнаи 6-уми яке аз манзилҳои бинои баландошёнаи шаҳри Красногорски Русия ба ҳалокат расиданд. Айни замон ду шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ин сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, дар беморхонаҳои шаҳри Москва бистарӣ мебошанд.
Асадбек Чориеви 4-сола дар беморхонаи Любертс ва Парвина Рузиматоваи 24-сола, ки рӯзи сар задани сӯхтор ба меҳмонӣ омадаанд, дар беморхонаи Карбишев зери назорати табибон қарор доранд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки тафтиши сабабҳои сӯхтор ва ҳодиса идома дорад.