СММ мегӯяд, Куриёи Шимолӣ таҳримҳоро нақз кардааст
Як ҳайати коршиносони СММ дар гузориши худ рӯзи 2-юми феврал гуфтаанд, Пхенян бештар ангишту оҳан, пӯлод ва маҳсулоти дигарро ба берун баровард.
Коршиносони СММ мегӯянд, ангишти Куриёи Шимолӣ бо истифода аз роҳҳои фиребанда ба Русияву Чин, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ ва Ветнам тавассути киштиҳо содир шудааст.
Шӯрои амнияти Созмони Милал дар солҳои 2016 ва 2017 бо тасвиби як силсила қатънома таҳримҳои зидди Куриёи Шимолиро густариш дод, то ин кишвар натавонад аз фоидаи содироти молаш барномаҳои атомӣ ва мушакии худро тақвият бидиҳад.