Аҳмадзода пахтаи фаровон, корхонаҳои фаъол ва ҷойҳои корӣ ваъда кард
![Аҳмадзода пахтаи фаровон, корхонаҳои фаъол ва ҷойҳои корӣ ваъда кард](https://gdb.rferl.org/65519B21-727F-4EDA-8DB7-FD4D8684E9D7_w800_h450.jpg)
Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд дар нахустин нишасти хабариаш рӯзи 6-уми феврал дар Хуҷанд гуфт, кишти пахтаро зиёд, корхонаҳои бузурги саноатии аз кор бозмондаро фаъол ва мардумро ба кор ҷалб хоҳад кард.