Парванда алайҳи як пулис дар робита ба марги сокини Шаҳритус
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа мегӯяд, ки ҳодисаи марги Толибҷон Дӯстов рӯзи 26-уми июли соли 2017 баъди боздошташ дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир рух дод. Наздикони ӯ даъво доранд, ки Толибҷон Дӯстов дар пайи латукӯби кормандони милиса ҷони худро аз даст додааст. Меҳрӣ Давлатова, модари Толибҷон Дӯстон мегӯяд, "мо фикр мекунем писари манро дастгир карда дар роҳ лату куб кардаанд ва вақте дар роҳ вафот кардааст, ҷасади ӯро ба беморхонаи ноҳияи Қубодиён бурдаанд”.
Он замон мақомот иллати марги Толибҷон Дӯстовро сактаи қалбӣ гуфта буданд. Дар пай наздикони Толибоҷон Дӯстон ба Додситонии куллии Тоҷикистон шикоят намуда ва хостанд, ки дар нисбати кормандони пулис парвандаи ҷиноятӣ боз шавад. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷа мегӯяд, ки дар авохири моҳи декбари соли гузашта Додситонии куллии Тоҷикистон дар ин робита парванда боз кард ва баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, парвандаро ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристод.