Юсуф Раҳмон бо додситони кулли Узбакистон мулоқот кард
Ду тараф суҳбати додситонҳоро идомаи муносибати хуби ҳамсояҳои девор ба девор донистаанд. Дар ин мулоқот масъалаи «ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони якдигар, ҳимояти ҳуқуқии соҳибкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои ғайриқонунии рушди он, кофтукоб ва истирдоди шахсони таҳти пайгардро» баррасӣ кардаанд.
Инчунин, додситонҳои кулли Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди “мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва масоили дигар» изҳори назар намудаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон тайи ин сафараш ба Тошканд бо вазири умури дохилӣ ва раиси Додгоҳи олии Узбакистон низ гуфтугӯ кардааст.