Ҳамлаи лафзии Мирзиёев ба мақомоти махсуси кишвараш
Суханронии Мирзиёев, ба вижа, ҳарфҳояш нисбат ба Хадамоти амнияти миллӣ то кунун расонаӣ нашуда буданд. Дар ин сабт президенти Узбакистон аз фаъолияти чандинсолаи Хадамоти амният бо лафзи хашин ёдоварӣ мекунад. Ӯ гуфт, Хадамот қудрати мутлақро дар кишвар, ба вижа дар вилояти Сурхандарё аз даст додааст.
Дар сабт Мирзиёев номи муовини ҳамакнун пешини Хадамоти амнияти кишвараш Шуҳрат Ғуломовро зикр мекунад. Вай Ғуломовро "нопок" меномад ва ӯро айбдор мекунад, ки "роҳбари порахӯрон аст".
Мирзиёев моҳи июли соли 2017 дастур дод, ки рутбаи генералии Ғуломов бекор ва нисбати вай парванда кушода шавад. Ба гуфтаи манобеъ, Ғуломов ҳоло дар маҳбас бозпурсӣ мешавад.