Боздошти муфаттиши парвандаи Абдуллоев дар Узбакистон
Ба ҷуз аз Тӯрақулов роҳбари гуруҳи тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ Александр Веселов ҳам аз кор барканор шудааст. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи узбак Сурат Икромов рӯзи 9-уми феврал аз шаҳри Тошканд хабар дод.
Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи узбак, ду афсари мақомоти махсус “ба далели боздошти ғайриқонунии гумонбарон, шиканҷаи онҳо ва сохтакории парванда” нисбат ба рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев аз кор барканор шудаанд.
Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар як мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхондарё дар охирҳои моҳи январи имсол аз фаъолияти кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ба шиддат интиқод кард.
Баъди он, Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, аз мақомаш барканор шуд.