Путин: Кишварҳои ғарбӣ аз таҳримҳои зидди Русия хаста хоҳанд шуд
Путин гуфтааст, “фикр мекунам, касоне, ки ин корро мекунанд, ба зудӣ худро хаста хоҳанд сохт. Умед дорам, мо дар масири равобити одӣ қарор гирем.”
Раиси ҷумҳури Русия ин изҳоротро дар ҳоле иброз дошт, ки қарор аст баъд аз чанд ҳафта дар он кишвар интихоботи президентӣ баргузор шавад.
Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигарон дар вокуниш ба ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва нақши ин кишвар дар ҷанг дар шарқи Украина алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ кардаанд. Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, бо шумули Амрико, дар робита ба масоиле чун нақзи ҳуқуқи башар ва мудохилаи эҳтимолии Маскав дар интихоботи президентии соли 2016-и Амрико низ алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ намудаанд.