Маъмурияти Шоҳқосим Шоҳисломов дар Тоҷикистон ба поён расид
![Маъмурияти Шоҳқосим Шоҳисломов дар Тоҷикистон ба поён расид](https://gdb.rferl.org/E8F7CDCB-0AAD-423C-ACD9-508C39C2B080_w800_h450.jpg)
Маъмурияти Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ба поён расидааст. Шоҳисломови 67-сола тайи тақрибан 13 сол боз намояндаи расмии Узбакистон дар Душанбе буд.
Ҷониби Узбакистон ҳанӯз номи сафири нав дар Тоҷикистонро эълон накардааст.
Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, низ рӯзи 9-уми феврал Шоҳқосим Шоҳисломовро ба хотири ба поён расидани маъмурияташ ба ҳузур пазируфтааст. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду тараф баррасӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷиддин Аслов "барои фаъолияти касбии тӯлонӣ ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон" ба Шоҳқосим Шоисломов изҳори сипос кардааст.
Шоҳқосим Шоҳисломов дар замони хеле мушкили муносибатҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон сафири Тошканд дар Душанбе буд. Вай пеш аз омаданаш ба Душанбе ба ҳайси сафири Узбакистон дар Русия кор кардааст. Таҷрубаи кор дар Вазорати умури хориҷии Узбакистонро ҳам дорад.
Маълум нест, ӯ ба кори дипломатӣ идома хоҳад дод ё бознишаста хоҳад шуд.