Рӯҳонӣ мардуми Эронро ба ваҳдати миллӣ даъват кард
Рӯзи 11-уми феврал садҳо ҳазорон нафар аз мардум дар раҳпаймоиҳои ташкилкардаи давлатӣ ширкат варзида ва ба зидди Амрикову Исроил шиор доданд ва парчамҳои онҳоро оташ заданд. Ҳасан Рӯҳонӣ зимни суханронӣ дар Майдони Озодӣ дар Теҳрон гуфт, ки мехоҳад, 40-умин солгарди Инқилоби Исломиро соли ваҳдат эълон кунанд.
Ӯ гуфт, “Ман аз муҳофизакорон, ислоҳталабон, тамоми аҳзоб ва тамоми мардум мехоҳам ба ҳам биёянд ва якҷо шаванд.” Охири моҳи декабр ва аввали январ ҳазорон нафар дар 70 шаҳри Эрон ба зидди ҳукумат эътироз карданд.