Мақоми аршади Толибони Покистон аз ҳамлаи ИМА кушта шуд
Мулло Фазлулоҳ - раҳбари Толибони Покистон, муфтӣ Нур Валиро муовини нави фармондеҳи ин гурӯҳ таъин кард. Гуфта мешавад, ки Саҷна дар ҳамла ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Покистон, соли 2011 дар Карочӣ ва ҳамчунин ҳамла ба маҳбаси воқеъ дар шимолу ғарби Банну, соли 2012 даст дошт.
Толибон ҳамлаҳоеро алайҳи нерӯҳои амниятии Покистон пиёда мекунанд.
Исломобод ба зарбаҳои ҳавопаймоҳри бесарниши Амрико мухолифат дорад ва мегӯяд, ки онҳо соҳибихтиёрии кишварро зери суол мебаранд.