Маблағи ҷоизаи Чингиз Айтматовро кӣ "обу лой" кард?
Кумитаи умури байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти порлумони Қирғизистон рӯзи 13 феврал масъалаи азхудкунии 30 ҳазор доллар ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматовро баррасӣ кард.
Вакилон дар як ҷаласаи пӯшида гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар бахши парвандаҳои ҷиноӣ шуниданд. Узви кумитаи мазкур Максат Содиров гуфт, натиҷаи пажуҳиш набояд нашр шавад. "То ҳол нофаҳмиҳо зиёд аст. Маълум нест, ки кормандони шуъба маблағро чӣ хел дастрас карданд, чӣ гуна онро интиқол доданд", - гуфт Собиров.
Пештар дар бораи азхудкунии 30 ҳазор доллари ИМА, ки ба ҷоизаи Чингиз Айтматов аз сӯи Ассамблеи байнипорлумонии ИДМ ҷудо шуда буд, хабар расид.
Додситонӣ алайҳи мудири шуъбаи кумитаи корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти порлумон Арсен Зокиров аз рӯи банди"Азхудсозӣ ва ё талафи дороӣ" ва "Сохтакории ҳуҷҷат" парванда боз кард.
Гуфта мешавад, ки Зокиров тирамоҳи соли 2017 бо таҳияи санадҳои тақаллубӣ гӯё 30 ҳазор доллари порлумони Қирғизистонро ҳисоби шӯрои Байнипорлумонӣ интиқол дод. Аммо дар шӯро гуфтанд, ки ин маблағ ба дасти онҳо нарасид.