Баррасии вазъи Ховари Миёна дар гуфтугӯи Трамп ва Путин
Дар хабари Кохи Сафед гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида омодааст, дар таҳқиқи ин ҳодиса ба Русия кумак кунад.
Президент Трамп ба Путин гуфт, фурсати кор бар сари созиши сулҳи пойдор дар Ховари Миёна фаро расидааст.
"Раисони ҷумҳур инчунин дигар мавзӯъҳои дорои манфиатҳои мутақобилро баррасӣ намуданд ва Трамп ба аҳамияти иқдомоти минбаъда барои таъмини минтақаи бидуни силоҳи ҳастаӣ дар Кореяи Шимолӣ таъкид кард", - омадааст дар хабари Кохи Сафед.