Ҳалокати навраси 15-сола зери чархи мошини афсари милиса. ВИДЕО
Дар пайи як садама дар шаҳри Кӯлоб писари 15-солае зери чархи худрави муфаттиши корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб монд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Додситонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки нисбати ин ҳодиса парванда боз карда ва таҳқиқи он идома дорад.