СММ: Ҳалокати афроди мулкӣ дар ҷангҳои Афғонистон коҳиш ёфт
Коҳиши шумори кушта ва маҷрӯҳшудаҳо дар соли 2017 дар муқоиса бо соле аз ин пеш 9 дарсад камтар будааст. Ин арзёбӣ дар гузориши солонаи ҳайати СММ дар Афғонистон ва дафтари ҳуқуқи башари СММ нашр шудааст, ки рӯзи 15-уми феврал чоп шуд.
Дар маҷмӯъ, соли 2017 дар натиҷаи низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон марги беш аз 3 ҳазор ва ҷароҳати беш аз 7 ҳазор сокини мулкӣ сабт шудааст. Дар маҷмӯъ дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ соли гузашта 295 сокини мулкӣ кушта ва 336 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ин омор назар ба соли 2016 - 7 дарсад бештар будааст.