Толибон аз "мардуми Амрико" хост, ки ба ҳукумати худ фишор биёранд
Номаи иборат аз 3 ҳазор калима, ба унвони "мардуми Амрико, раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ ва мустақил ва конгрессменҳои сулҳдӯст" навишта шудааст.
Нома пешниҳоди доимии Толибон дар бораи музокироти мустақим бо Иёлоти Муттаҳидаро такрор кардааст, ки Вашингтон онро қабул надорад. Ба ақидаи Вашингтон музокирот бояд дар байни ҷангҷӯён ва ҳукумати Афғонистон сурат бигирад.
Гурӯҳи мусаллаҳи Толибон дар ин пайғом низоми густарда, маориф, ҳифзи ҳуқуқи ҳама, бо шумули ҳуқуқи занонро ваъда дод, аммо зоҳиран аз тақсими қудрат бо дигарон сарфи назар кард ва навишт, ҷангҷӯён ҳақ доранд ҳукуматро ташкил кунанд.
Нома ба Стратегияи президент Трамп ҳамла кардааст, ки мегӯяд, барои гапдаро шудани Толибон ва нишастани онҳо дар мизи музокирот аз нерӯи низомӣ истифода шавад.