Эътирофи Косово - пешшарти ҳамоиши Сербистон бо Иттиҳоди Аврупо
Габриэл гуфт, ки айни ҳамин пайғомро субҳи чоршанбе дар Белград ба мақомоти Сербистон расонд.
Косова як вилояти пешини Сербистон аст, ки 10 сол пеш аз он канда шуд. Бо он ки 115 кишвари дунё, бо шумули 23 давлати Иттиҳоди Аврупо Косоворо ба ҳайси давлати мустақил эъироф кардаанд, вале Сербистон истиқлолияти онҳоро ҳеҷ гоҳ напазируфт.
Сербистон мехоҳад, ки то соли 2025 узви Иттиҳоди Аврупо шавад, ҳадафе, ки Брюссел низ онро пайгирӣ мекунад ва мехоҳад Балкани Ғарбиро таҳти чатри худ бигирад. Мақомоти Сербистон ҳамчунин умедворанд, ки эътирофи Косово шарти калидии ҳамроҳ шудан ба Иттиҳод нашавад.