Захарова: дар Сурия эҳтимол 5 шаҳрванди Русия кушта шудааст
Гузоришҳо аз ҳалокати садҳо ҷангии кирояи Русия, ки дар сафи нерӯҳои Башор Асад меҷангиданд, ду рӯз боз дар сархати хабарҳо қарор гирифтааст. Аммо бори аввал аст, ки намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ин хабарро расман шарҳ дод. Захарова матбуоти ИМА ва мухолифини Сурияро ба пахши хабарҳои ғалат аз ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Русия муттаҳам кард.
Қаблан расонаҳои хабарӣ бо такя ба манбаҳои худ ва ҳамхизматҳову хешони кушташудаҳо, дар бораи кушта шудани теъдоди зиёди ҷангиёни рус дар Сурия гузориш доданд. То ҳол номи ҳашт кушташуда ошкор шудааст.