Бунёдгузори "Telegram" Павел Дуров миллиардери долларӣ шуд
Соли 2017 Forbes боигарии Дуровро $950 миллион арзёбӣ кард. Дар раддабандии "200 соҳибкори сарватманди Русия" бунёдгузори "Telegram" дар ҷойи 100-ум қарор дорад. Як сол пеш аз он Дуров $600 миллион дошт.
Нақши аслиро дар арзёбии ҷадиди дороиҳои Павел Дуров афзоиши корбарони "Telegram" ва омодагӣ барои ворид шудан ба платформаи ICO - амалиёти авалияи "криптовалюта" бозидааст.