Сергей Лавров ба иттиҳомоти Амрико вокуниш накард
Як рӯз пеш Амрико 13 шаҳрванд ва ширкати Русияро барои талоши дахолат ва таъсир дар интихоботи президентии соли 2016 дар он кишвар айбдор кард.
Асоситарин ниҳоде, ки ҳадафи ин иттиҳомот қарор гирифтааст, як ширкати пажӯҳиши интернетӣ аст, ки бар асоси санади мунташиршуда ҳадафаш афзоиши ихтилоф дар системаи сиёсии Амрико, аз ҷумла интихоботи президентии соли 2016 будааст.
Ин муҳимтарин иттиҳом аз оғози таҳқиқи додситони вижа Роберт Мюллер аст.
Тими иборат аз додситонҳо ва коршиносон, ки зери назари Роберт Мюллер фаъолият мекунанд, таҳқиқоти амиқеро дар мавриди дахолати эҳтимолии Русия, аз ҷумла иртиботи эҳтимолӣ миёни ҳамкорони ситоди интихоботии Трамп ва мақомҳои русро анҷом медиҳанд.