Интиқоди шадиди Порошенко аз Маскав дар нишасти Мюнхен
Ӯ ин суханрониро дақиқаҳое баъд аз лағви як мулоқоти муҳим, ки қарор буд дар ҳошияи ин нишаст доир шавад ва ҷанги ҷорӣ дар шарқи Украинаро мавриди баҳс қарор диҳад, ироа кард.
Раиси ҷумҳури Украина дар бахше аз суханронии худ гуфт, “афзоиши қудрати дифоии Украина ҳазинаи ҳамлаҳои Русяиро баланд хоҳад бурд. Маскав дар баробари чунин тавоноии боздоронда пеш аз иҷрои ҳар гуна таҳоҷуми нав дубора фикр хоҳад кард.”
Петро Порошенко Маскавро муттаҳм кард, ки ба гуфтаи ӯ “саъй дорад демократия дар Ғарб ва Украинаро бо ҳимоят аз ҳизбҳои тундрави ростгаро ва чапгаро дар хориҷ ва доман задан ба ихтилофҳо аз тариқи нашри ахбори дурӯғин дар интернет таҳдид кунад.”