Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику узбак дар моҳи март
Мақомоти тоҷик дар бораи баргузории ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон хабар доданд, ки дар нимаи аввали моҳи март дар Душанбе барномарезӣ шудааст. Зоҳиран, ин мулоқот дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд, ки дар чаҳорчӯби он имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.
Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду давлати ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ташкил мешавад. "Ховар" менависад, ки дар зарфи як соли охир ин ҳамоиши дуюми соҳибкорони ду кишвар мешавад ва дар доираи ин ҳамоиш намоиши молҳои саноатии истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми табодули мол байни ду давлат соли 2017 ба 126 миллион доллар баробар гардидааст, ки аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.