Сербистон 8 хориҷиро бо гумони ҷосусӣ боздошт кард
Ба гуфтаи шабакаи телевизионии давлатӣ - RTS TV, шаҳрвандони ИМА ва Украина мехостанд бо дрон ё ҳавопамои бесарнишин, аз ситоди истихбороти Сербистон акс бардоранд. Гузориш дар бораи ҳуввияти ин нафарон маълумот надодааст ва танҳо мегӯяд, ки ду шаҳрванди украинӣ зан буда, ҳамаи онҳо таҳти боздошт қарор доранд.
Вазири дифои Сербистон Александ Вулин бо эълони боздошти ахир гуфт, ӯ намехоҳад дар парвандаи таҳти тафтиш фарзия пеш гузорад, аммо афзуд, "талоши гурӯҳи бузурги хориҷиҳо барои вуруд ба пойгоҳи низомии таҳти назорати артиши Сербистон тасодуфӣ нест".
Як шаҳрванди дигари ИМА аввали моҳ бо иттиҳоми нигаҳдории туфанги бидуни аломат боздошт шуд. Матбуоти давлатӣ навишт, ки ин мард аз сарбозони пешини нерӯҳои таъиноти махсуси баҳрии ИМА аст ва мехост ба ҷони мақоми номаълуми Сербистон суиқасд кунад.