Талаби 12 соли зиндон барои собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон
Додситон ҳамчунин рӯзи 19 феврал аз додгоҳ хост, ки дороиҳои Бишимбоев мусодира ва худи ӯ барои якумр аз кор дар мақомҳои давлатӣ маҳрум шуавад.
Бишимбоеви 37-сола моҳи январи соли 2017, як ҳафта баъди барканориаш аз мақоми вазири иқтисод , аз тарафи Хадамоти зидди-фасод боздошт шуд.
Қуандиқ Бишмбоев дастпарвардаи барномаи омӯзиши нухбагон, ё элитаи таҳти назари президент Назарбоев аст, ки ба зинаҳои қудрат аз мақоми муовини вазири саноат ва иқтисод баланд шуд ва то вазири иқтисоди миллӣ расид. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ дар мақоми раҳбари ширкати ҳолдингии таҳти назари давлат - "Байтерек" ришва гирифтааст.
Бишимбоев дар мурофиаи ибтидоӣ иттиҳомро рад кард, дар ҳоле, ки боздоштшудаҳои дигар гуноҳро эътироф ва бо додситонӣ ҳамкорӣ карданд.