Нерӯҳои содиқ ба Асад ба минтақаи Африн ворид шуданд
Хабаргузории Reuters рӯзи 20 феврал гуфт, ки қисмҳои низомии артиши Сурия парчамҳоии кишварашонро баланд бардошта силоҳҳои худро алвонҷ медиҳанд. Ин наворҳоро дар назди постгоҳе бардоштанд, ки дар он "нерӯҳои амниятии Курд" навишта шудааст.
Хабаргузории ҳукуматии SANA нерӯҳои Туркияро ба тирборон кардани постгоҳи амниятии Курдҳо муттаҳам кард, ки дастаҳои содиқ ба президент Асад тавассути он ба Африн ворид шуданд.