Варзишгари Русия медали Олимпиро бармегардонад
Александр Крушелнитский ва ҳамсараш Анастасия Бризгалова дар Пхёнчхан дар намуди варзиши кёрлинг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
"Мо баёнот додем, ки воқеан дар хунаш доруи неруафзо дорад ва ба ин далел медалро бармегардонем", - гуфт сухангӯи Федератсияи кёрлинги Русия Валентина Паринова.
Дар додгоҳи ҳакамии варзишӣ имрӯз парвандаи Крушелнитский баррасӣ мешавад. Крушелнитский мегӯяд, дар ин муҳокима ширкат нахоҳад кард.