Русия қатъномаи сулҳи СММ дар умури Сурияро напазируфт
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ пештар ин лоиҳаро танқид карда буд. Ӯ гуфт, набояд бо гуруҳҳое созиш кард, ки Русия онҳоро террористӣ эътироф кардааст.
Дар байни ин гуруҳҳо - мухолифони режими президенти Сурия Башор Асад дар Гутаи Шарқӣ, наздикии Димишқ низ ҳастанд. Маҳз бомбаборони ин минтақа боиси баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ гардид. Мухолифони Сурия ва созмонҳои башардӯстонаи байналхалқӣ мегӯянд, дар натиҷаи бомбаборон шумори зиёди аҳолии осоишта кушта шудааст. Ҳизер Нойерт, намояндаи департаменти давлатии ИМА, масъулияти кушторҳои Гутаи Шарқиро бар души Макав гузошт. "Агар Русия режими Сурияро пуштибонӣ намекард, ин хунрезиҳо ҳам сурат намегирифт", - гуфтНойерт.
Дар ҳоле, ки намояндагони Ғарб аз эҳтимоли ҳамлаҳои нав ба Гутаи Шарқӣ аз сӯи артиши Сурия изҳори нигаронӣ мекунанд, сафири Сурия дар СММ тасдиқ кард, ки Башор Асад маҳз ҳамин нақшаро пайгирӣ мекунад.