Ронандаи узбактабор дар Петербург то дами марг латтукӯб шуд
Ин ҳодиса 21 феврал дар хиёбони Ленини Петербург рух дод. Ба гуфтаи шоҳидон, мусофири автобус баъд аз як баҳси лафзӣ ронандаи 49-соларо сахт латту кӯб ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Ронандаро ба беморхона интиқол додаанд, вале ӯ субҳи 22 феврал ҷон дод.
Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди "барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг шудааст" парванда боз шуд. Гумонбар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.