Татбиқи тарҳи лӯлаи гази ТАPI дар Афғонистон шурӯъ шуд
Раисони ҷумҳури Афғонистон Туркманистон - Ашраф Ғанӣ ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, якҷо бо нахуствазири Покистон Шоҳид Ҳақон Аббосӣ ва М.Ҷ. Акбар вазири давлатӣ дар умури масоили хориҷии Ҳиндустон, дар маросими гузоштани хишти аввали лӯлаи гази табии ТАPI, дар шаҳри Ҳирот, иштирок карданд.
"Галкиниш" дуюмин бузургтарин захирагоҳи гази табии дар ҷаҳон аст, ки аз тарақи лулаи ТАPI мегузарад,- гуфт Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тавасути конфронси видеоӣ ба хабарнигорон, ки дар марзи Туркманистон бо Афғонистон ҷамъ шуданд.
Туркманистон аз ҷиҳати дороии гази табии дар ҷаҳон ҷойи чаҳорумро дорад ва баъди коҳиши содироти гази Русия, шадидан вобастаи содирот ба Чин шудааст.