Трамп: Русия, Эрон ва Сурия масъули “расвоии башарӣ” ҳастанд
Ин суханони президенти Амрико дар ҳолест, ки интизор меарвад, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 24-уми феврал қатъномаеро дар мавриди оташбаси якмоҳа дар Сурия қабул кунад. То шароит барои расондани кумакҳои башардӯстона ва интиқоли сокинони маҷруҳ фароҳам шавад.
Дар назар буд, ин раъйдиҳӣ рӯзи 23-юми феврал сурат гирад, вале ҳадди ақал ду дафъа ба таъхир афтод. Русия қаблан мухолифатшро бо ин қатънома иброз карда ва гуфта буд, ки он ғайривоқеӣ аст.
Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Маркел, садри аъзами Олмон аз Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – хостанд, ки аз ин қатънома ҳимоят кунад ва ба ҳукумати Сурия, муттаҳиди Маскав, фишор орад, то бомбаборони Ғутаи Шарқиро бас намояд.
Шоҳидон гузориш додаанд, ки рӯзи ҷумъа дар Ғутаи Шарқӣ мавҷи тозаи бомбаборон сурат гирифтааст. Бино ба гузоришҳо, тайи тақрибан ҳашт рӯз дар ин минтақа беш аз чаҳорсад нафари мулкӣ кушта шудаанд.