Дар Намангон суманаки 5-тоннаӣ мепазанд
Мақомот гуфтаанд, ки барои таҳияи суманаки рекордӣ дар Намангон сабза, ду тонна орд, як тонна равған, тақрибан ним тонна орди ҷуворимакка ва панҷоҳ кило набот сарф хоҳад шуд. Ин сумаанк дар ҳамон деге таҳия мешавад, ки соли гузашта дар он ҳафт тонна палав пӯхта буданд.
Ташаббускори аслии ин маърака ҳукумати шаҳри Намангон будааст. Заҳмати пӯхтани суманакро 25 зан хоҳанд кашид.
Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон ҳам суманак омода мекунанд ва ин ғизои аслии иди баҳор ба шумор меравад. Суманакро ҳамсояҳо ё хешутабор якҷоя мепазанд. Онҳое, ки қудрати пӯхтани суманакро надоранд, аз бозор дастрас хоҳанд кард.