"Ин ҷаҳаннам дар заминро манъ кунед"- гуфт Гутераш дар бораи Ғута
Шарҳи Дабири кулл дар ҳолест, ки рӯзи 24 феврал Шӯрои амнияти СММ қатъномаи оташбаси оҷили як моҳа дар Сурияро қабул кард, то созмонҳои хайрия имкон ёбанд, ки ба манотиқи ҷангзада дорӯворӣ фиристанд ва захмҳоро берун оранд.
Қатънома дар ҳоле қабул шуд, ки ба гуфтаи фаъолон, дар натиҷаи бомбаборони шадиди якҳафтаина беш аз 500 нафар кушта шуд.
Сухангӯӣ СММ дар умури ҳуқуқи башар Зайд Раад ал-Ҳусейн гуфт, бомбаборон субҳи 26 феврал низ идома дошт. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки авзо дар Ғута нигаронкунанда аст, зеро "террористҳо" мардуми мулкиро ҳамчун "гаравгон" истифода мекунанд.