Аввали март 7 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбакистон расман боз мешавад
Аз ин гузаргоҳҳо танҳо “Саразм” дар Панҷакент мақоми байналмилалӣ дорад. Тавассути гузаргоҳҳои бозгардида сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбакистон бидуни виза ва танҳо тавассути шиноснома метавонанд ба муддати 5 шабонарӯз то 30 километри дохили кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Ӯ гуфт, дар ифтитоҳи гузаргоҳи “Равот”-и байни ноҳияҳои Конибодоми Тоҷикистон ва Бешариқи Узбакистон иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Фарғонаи Узакистон ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин, гузаргоҳҳои дигарро мақомоти ҳукуматҳои вилоятҳо ва ноҳияҳои ҳамсоя боз хоҳанд кард.
Тибқи иттилои расмӣ, марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 12 адади он дар вилояти Суғд мебошад. То аввали соли равон танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии “Дӯстӣ” дар ноҳияи Турсунзода воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳ воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигарро ҳудуди 10 сол пеш баста буданд.
Гузаргоҳи байнулмилалии “Патар” дар Конибодом рӯзи 10-уми феврал ва ба думболи он гузаргоҳи “Сарбанд” дар Спитамен барои рафтуомади сокинони наздимарзӣ боз гардиданд. Дар назар аст зимни сафари қарибулвуқуи президенти Узбакистон, Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, созишномаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар арсаҳои имзо шавад, ки яке аз онҳо сабукӣ дар низоми раводид ва сафарҳои бемаҳдудияти шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба қаламрави якдигар мебошад.