Раҳбари Кореяи Шимолӣ омодааст аз мушакҳои ҳастаӣ даст кашад
Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин омодааст аз озмоишҳои ҳастаӣ даст кашад ва бо ИМА вориди музокирот шавад, агар Вашингтон амнияти Пхенянро кафолат диҳад. Дар ин бораи нашрияи The New York Times, рӯзи 6 март бо такя ба манбаҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.
Пештар аз ин маълум шуд, ки Ким Чен Ин бори аввал бо намояндагони ҳайъати Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи гузашта ба Пхенян омаданд. Хабаргузории Reuters ҳадафи сафарро талоши эҷоди муколама дар байни Кореяи Шимолӣ ва ИМА унвон кард.
Ким Чен Ин ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот аз рушди равобит дар байни ду Корея "қотеъона" пуштибонӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Корея, Ким Чен Ин ҳамчунин гуфтааст, и барои ҳамоиш талош мекунад.
Манбаҳои New York Times мегӯянд, ки намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи мулоқоти Ким Чен Ин бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷӣ Ин созиш карданд ва ин мулоқот эҳтимолан моҳи апрел баргузор мешавад.
Дар даҳ соли ахир бори аввал аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ба Пхенян музокиротчӣ фиристод. Ин муҳимтарин натиҷаи ба истилоҳ "оштии олимпӣ" аст, ки ду кишвар дар ҷараёни бозиҳои Олимпӣ ба таври ғайрирасмӣ ба он даст ёфтанд.