Афсари пешини пулиси Русия барои қатли 19 зан ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд
Афсари пешини пулиси Русия бо ҷурми куштори 19 зан дар Сибир ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.
Додгоҳи минтақавии Новосибирск ҳукми Евгений Чуплинскийро рӯзи 6 март эълон кард. Шаш рӯз пеш ҳайъати мунсифа ӯро дар куштори 19 зан, дар давраи аз соли 1998 то 2005, гунаҳкор донист.
Додситонҳо гуфтанд, ки аксари қурбониҳои Чуплинский фоҳишаҳо буданд ва ӯ қабл аз куштор бо баъзеи онҳо ҳамхоба мешуд.
Евгений Чуплинский бори аввал соли 2004 боздошт шуд, аммо аз идораи пулис фирор кард. Бори дуввум ӯ соли 2006 ба даст афтод, аммо бинобар набудани далели кофӣ ӯро озод карданд.
Чуплинскии 52-сола соли 2016 дар ҳоле бори сеюм боздошт шуд, ки мақомот бо ташхиси DNA даст доштани ӯро дар ин кушторҳо собит карданд.
Моҳи январ собиқ афсари дигари пулиси Русия Михаил Попков, ки барои куштори 22 зан ҳукми абад гирифта буд, дубора мурофиъа ва ба қатли 60 зани дигар муттаҳам шуд.
Попкови 53-сола, ки дар гузашта афсари пулиси шаҳри Ангарски Сибир буд, рӯзи 10 январ дар додгоҳи вилояти Иркутск таҳти мурофиа қарор гирифт.
Матбуоти Русия Попковро "маняки Ангарск" ном мебаранд.