Узбакистон подабони тоҷикро афв кард. САДО
Як сокини шаҳри Панҷакент, ки дар Узбакистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз худ дарак додааст. Сулаймон Бӯриев дар тамоси телефонӣ бо наздиконаш гуфтааст, ки мақомоти узбек ӯро афв карданд ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз ба Панҷакент бармегардад.