На бӯсу канор, на ишқварзӣ. Тоҷикистон саҳнаҳои фаҳшоро қайчӣ мезанад
![На бӯсу канор, на ишқварзӣ. Тоҷикистон саҳнаҳои фаҳшоро қайчӣ мезанад](https://gdb.rferl.org/79D637AB-F26E-4B92-8585-439A8C18441A_w800_h450.jpg)
На бӯсу канор ва на лаҳзаҳои хуфтухоб. Бино ба оинномаи нави “Тоҷикфилм”, пахши ҳамагуна саҳнаҳои шаҳватбарангез дар телевизиону кинотеатрҳои кишвар мамнуъ шуд. Мақомот гуфтанд, чунин саҳнаҳоро аз дохили филмҳои хориҷиву дохилӣ ёфта, қайчӣ хоҳанд зад.